Раҳмон: Тоҷикистон метавонад минбаъд макони истеҳсоли электромобилҳо гардад

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 аз имкониятҳои васеи содиротии кишвар таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 гуфт, ки Тоҷикистон метавонад минбаъ ба як макони истеҳсоли электромобилҳо гардад.
“Тоҷикистон бо дарназардошти истифодаи "алюминийи сабз", "энергияи сабз", литий ва имкониятҳои васеи содиротӣ метавонад минбаъд макони истеҳсоли электромобилҳо гардад”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар, Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст ва ин омил барои рушди саноати истихроҷи маъдан заминаи устувор фароҳам овардааст.
Вай афзуд, ки дар кишвар шашсад кони канданиҳои фоиданок, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд.
“Вале имрӯз танҳо даҳҳо кон мавриди истифодабарӣ қарор дорад, ки дар онҳо беш аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад”, - таъкид кард раисҷумҳури кишвар.
Воридоти электромобил, электробус ва троллейбусҳо аз боҷи гумрукӣ озод мешавад
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш қайд кард, ки бахши истеҳсолоти саноатӣ метавонад самти дигари ояндадори ҳамкориҳои мо бошад.
“Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои сохтмони аксари иншооти муҳим ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ низ як силсила имтиёзҳо муқаррар гардидаанд”, - гуфт раҳбари кишвар.
Кишвардори Тоҷикистон илова кард, ки дар кишвар ташаккули минтақаҳои саноатӣ идома дорад.