Корхонаи "Обу корези Душанбе" аз сокинон хост, муносибат бо обро тағйир диҳанд

Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" силсилаи мулоқотҳоро бо сокинони пойтахти Тоҷикистон роҳандозӣ карда, онҳоро ба истифодаи дуруст даъват дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Талабот ба об дар пойтахти Тоҷикистон сол ба сол бо суръат боло рафта истодааст, иттилоъ дод корхонаи "Обу корези Душанбе".
Ба иттилои манбаъ, ҳудуди шаҳри Душанбе сол ба сол васеъ, шумораи биноҳои баландошёнаву аҳолии пойтахт зиёд гардидааст ва мутаносибан талабот ба об низ меафзояд.
"Лекин бинобар сабаби тағйирёбии иқлим захираҳои обӣ коҳиш меёбанд. Аз ин лиҳоз, истифодаи об аз сокинон муносибати махсус мехоҳад", - таъкид карданд масъулини корхона.
Садама дар хати обрасон ҳазорҳо хоҷагиро дар Душанбе бе об гузошт
Дар мулоқот ба масъулин ва аҳолӣ дар мавриди коркард, истеҳсолу санҷиши об, хароҷоту заҳмати корхона дар коркарду обрасонӣ иттилоъ дода шуда, аз онҳо даъват мешавад, ки пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасониро таъмин кунанд.
Ҳамчунин аз муштариён хоҳиш шудааст, ки аз истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии об худдорӣ намоянд.
Қаблан "Обу корези Душанбе" муносибати нодурусти сокинонро дар истифодаи об боиси садамаҳо дар лӯлаҳои обрасонӣ хонд, ки дар натиҷа садҳо хоҷагӣ беоб мемонанд.
Ин ниҳод нигаронӣ кард, ки баъзе сокинон ба қубурҳои корезӣ партовҳои иҷтимоӣ, аз қабили коғазу латта, памперсу дигар ашёҳоро мепартоянд, бехабар аз он ки ин амали онҳо оқибати манфӣ ба бор меорад.