Корфармоҳо дар Русияро ба таъмини хона барои муҳоҷирон муваззаф месозанд

Андешидани чунин чораҳо нисбати корфармоён бо афзоиши шумори қонуншиканиҳо бо иштироки муҳоҷирони корӣ алоқаманд аст, изҳор медоранд вакилон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Корфармоёни русиягие, ки муҳоҷирони кориро ба кор мегиранд, бояд онҳоро бо манзил ва сабти номи муваққатӣ дар манзил таъмин кунанд.
Лоиҳаи қонуни дахлдор барои баррасӣ ба Думаи давлатии Русия пешниҳод карда мешавад.
"Ширкатҳое, ки муҳоҷиронро ба кор қабул мекунанд, вазифадор мешаванд, ки онҳоро дар давоми мӯҳлати шартномаи меҳнатӣ бо манзил таъмин кунанд", - таъкид мешавад дар ҳуҷҷат.
Тибқи лоиҳа, нуктаи асосӣ расман сабти ном кардани меҳмонон дар ҷои иқомат аст.
Дар Русия курси мутобиқшавӣ барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ оғоз шуд
Қайд карда мешавад, ки ба ин гуна манзил хобгоҳҳои махсус, хонаҳо ва ё утоқҳои иҷора барои коргарон дохил шуда метавонанд.
Агар корманд мустақилона хонаро ба иҷора гираду дар он сабти ном шавад, корфармо аз ин уҳдадорӣ озод мегардад.
Дар лоиҳаи қонун ҷазо барои вайрон кардани ин меъёр, ҷарима ба шахсони мансабдор - аз 40 то 100 ҳазор рубл, ҷарима ба шахсони ҳуқуқӣ - аз 400 то 500 ҳазор рубл таҳдид мекунаду фаъолияти ширкатро то 90 рӯз боздоштан мумкин аст.
Ташаббускорон мегӯянд, а қайд гирифтан дар ҷои истиқомат имкон медиҳад, ки қонуншиканонро назорат кунанду зуд ошкор намоянд.