Ҳайати низомии Тоҷикистон ба Русия омад

Ҳайатҳои ҳашт кишвари ИДМ, аз ҷумла Арманистон ва Озарбойҷон вориди шаҳри Тула шуданд, ки дар он ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ҳамсуд баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар Тула ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати дифои Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аллакай намояндагони низомии ҳашт кишвари ИДМ вориди шаҳри Тула шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст намояндагони Озарбойҷон ва Арманистон низ ширкат хоҳанд кард.
Дар ҷараёни мулоқот як қатор масоили муҳими ҳамкорӣ дар бахши низомӣ ва низомию техникӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Илова бар ин, вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳод Давлатҳои Мустақил дар бораи вазъи низомию сиёсии ҷаҳон табодули назар хоҳанд кард.
Роҳбарони кишварҳои ИДМ санад дар бораи забони русӣ имзо мекунанд
Дар ҷаласа ҳамчунин ҳайатҳои вазоратҳои дифоъи Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Беларус ширкат хоҳанд кард.
Вазорати дифои Русия қайд кардааст, ки сарони ҳайатҳо пас аз ворид шудан ба маҷмааи ёдгории " Три штыка" дар майдони Ғалаба гул гузоштанд.
Онҳо хотираи ҷанговаронеро, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кушта шуданд, бо як дакика сукут гиромӣ доштанд. Маросим бо марши ботантанаи ротаи қаровули фахрӣ ба охир расид.