Борону барфу чангу ғубор: пешгӯии обу ҳавои Тоҷикистон

Дар кишвар акнун мизони ҳарорати ҳаво поин меравад. Дар ҷануби кишвар ҳарчанд гармо ҳукмфармо бошад, аммо дар баландиҳои шимолу шарқ мавсими барфу борон омад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзеи дигар чангу ғубор ба амал меояд.
Ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳарорати ҳаво дар кишвар аз -12 дараҷа хунук дар шарқи ВМКБ то 29 дараҷа дар навоҳии марказию ҷануби кишвар пешгӯӣ мегардад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳарорат дар ғарби ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят борони суст ва барф ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 ва дар баъзе ноҳияҳо то 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа то 7-12 хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар бинои бисёрошиёнаи навбунёди Хоруғ ба зарардидаҳо аз тарма хона доданд
Суғдро низ ҳавои тағйирёбанда, фаро гирифта, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борон ва барф) ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Аммо дар хатлон гармтар, аммо шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр борон ва барф) ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.