ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Намояндагони кишварҳои шарики Тоҷикистон ба мақомоти кишвар идомаи ҳамкорӣ дар самти солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зараргардидаи кишварро баррасӣ карданд.
Да ин бора дафтари матбуоти вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин мулоқот дар ҳошияи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар 67-умин иҷлоси Конфронси умумии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) баргузор гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки мулоқоти ҳайати кишвар бо масъулини ниҳодҳои соҳавии Комиссияи Аврупо барпо гардид, ки дар он ҷонибҳо имконияти иштироки Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои мувофиқашуда дар самти солимгардонии партовҳои радиоактивӣ, мушкилоти ҷойдошта ва мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.
Вазорат таъкид кардааст, ки бо дарназардошти пешниҳод шудани лоиҳаи барӯзгардидаи Нақшаи стратегии умумии АБНА доир ба солимгардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2025, зарурати дастгирии кишвар дар самти мустаҳкам намудани иқтидори ниҳодҳои масъул ҷиҳати таъмини ҳамоҳангӣ дар давраи баъдӣ ва татбиқи мавзеъҳои феълӣ тибқи стратегияи қаблӣ ба назар гирифта шавад.
Ҳамчунин вохӯриҳои алоҳида бо роҳбарони ҳайатҳои Япония, ИМА, Олмон ва намояндагони масъули кишварии АБНА ҷиҳати пайгирии мавзуҳои муштарак дар доираи ҳисоби барқарорсозии муҳити зист дар Осиёи Марказӣ сурат гирифтанд.