Зебоии Гармчашма ноҳияи Ишкошими ВМКБ - видео

Тоҷикистон бо табиати зебо, кулу дарёҳои худ машҳур аст. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон зебоии Гармчашмаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ-ро ба навор гирифт
Sputnik
Гармчашма - чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ ҷойгир аст. Дар масофаи 42 км дуртар аз шаҳри Хоруғ, воқеъ гаштааст.
Аз сабаби баланд будани консентрати минералӣ дар об, аз ҷойҳои баромади об чаканда сангҳҳо ва ҳавзҳои оби гарм ба вуҷуд омадаанд.
Оби чашма барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, системаи асаб, аъзои такяву ҳаракат, амрози занона ва пӯст (псориаз, экзема, невродермит, хориши пӯст, склеродермия, ихтиоз, шукуфаи сурхи паҳн, парапсориаз ва ғ.) муфид аст.
Дар Тоҷикистон чанд кул мавҷуд аст?
Бинобар зиёд будани минералнокӣ оби чашма аз тарқишҳо берун баромада, шуша мебандад. Дар натиҷаи ба кристаллҳо табдил ёфтани калтсий чандин обзан (ванна)-ҳои табиии хурду калон ба вуҷуд омадаанд.