ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 705 коргоҳу корхонаҳои нав бо 14,1 ҳазор ҷойи нави кор бунёд хоҳад шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар вилоят 130 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 2685 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Ҳамчунин манбаъ хабар додааст, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 12 миллиарду 106,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тибци иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар 6 моҳи соли равон дар кишвар 5475 коргоҳу корхонаҳо фаъолият доранд.
Ба иттилои ҳамин вазорат дар ин давра аз ҳисоби корхонаю коргоҳҳои нав дар ҳамин давра зиёда аз 2 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 5%-ро ташкил медиҳад.
“Аз 505 корхонаю коргоҳи навтаъсис 160 корхона ба саноати хӯрокворӣ, 121 корхона ба саноати сабук, 116 корхона ба соҳаи саноати сохтмон, 99 корхона ба соҳаи саноати мошинсозӣ ва 9 корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд”, - иттилоъ додааст вазоратит саноат.