Гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" ҳаштеги #отменинацистскуюканаду-ро роҳандозӣ кард

Гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" рафтори сиёсатмадорони Канадаро барои даъвати собиқ сарбози СС ба парлумон маҳкум кард ва иқдоми навро роҳандозӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" пас аз гиромидошти сарбози собиқи СС-и украинӣ Ярослав Хунка дар порлумони Канада дар чаҳорчӯби сафари Владимир Зеленский, ҳаштеги #отменинацистскуюканаду-ро роҳандозӣ кард.
"Бо амалҳои худ, талоши сафед кардани он чизе, ки бидуни шак сиёҳ аст, Канада байни номи худ ва калимаи "нозӣ" аломати "баробар" гузошт. Нозии оддӣ маҳз ҳамин аст. Пинҳонкунӣ, нодида гирифтани чизҳои айён, иваз намудани мафҳумҳо, ки барои иттифокчиён дар ибтидои ҷанг ҳануз хос буд, ҳоло ошкоро шудааст. Мо ин рафторро бекор мекунем. Мо зидди ҳама гуна таҳриму маҳдудиятҳо ҳастем, аммо наметавонем дар чунин вазъият ошкоро мавқеи шаҳрвандии худро баён накунем.
Мо кишвар ва мардуми онро бекор намекунем, аммо эҳтимоли чунин рафтор, чунин сиёсатмадорон, ки собиқ сарбози СС-ро дар баробари Зеленский истиқбол мекунанд, қобили қабул намедонем", - гуфтанд ба хабаргузории РИА “Новости”дар хадамоти матбуоти гурӯҳи расонаҳо.
Мо аз ҳар касе, ки хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ медоранд, даъват мекунем, ки дар ин иқдоми хабарнигорони "Россия сегодня" ширкат варзанд.
Узрхоҳии раиси парлумони Канада барои кафкӯбӣ ба хотири як нозӣ
Сарчашмаҳое, ки ба гурӯҳи расонаҳо дохил мешаванд, маводҳоро дар бораи ингуна ҳодиса ва изҳороти сиёсатмадорони ба он алоқаманд бо ҳаштег бо забонҳои русӣ ва англисӣ қайд мекунанд #отменинацистскуюканаду ва #cancelnazicanada.
Аз ҷумла Ярослав Хункаи 98-сола рӯзи ҷумъаи гузашта ба ифтихори сафари Владимир Зеленский, ки ба ҳозирин ҳамчун собиқадори мубориза бо русҳо муаррифӣ шуд, ба ҷаласаи порлумони Канада даъват шуд. Ба ин сарбози собиқи SS Зеленский ва сиёсатмадорони Канада росто якҷо кафкӯбӣ карданд.
Дар воқеъ, Хунка як ҷанговари собиқи дивизияи ихтиёрии нерӯҳои СС-и "Галитсия" буд, ки дар он миллатгароёни украинӣ ҷамъ шуда буданд ва онҳо на танҳо бо Артиши Сурх меҷангиданд, балки барои бераҳмӣ алайҳи яҳудиён, ва мардуми Лаҳистон, белорусҳо ва словакҳо муттаҳам мешаванд.
Раиси парлумони Канада Энтони Рота масъулияти даъвати миллатгарои украиниро ба порлумон ба дӯш гирифт ва гуфт: ки "маълумоти иловагие, ки ӯ аз қарори худ пушаймон шудааст, ба ӯ дертар расид. Вай рӯзи сешанбе эълон кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки мақомоти Канада муваззафанд сарбози собиқи СС-ро, ки ба парлумон даъват шуда буд, ба ҷавобгарӣ кашанд ва ё истирдод намоянд.