Мунтахаби футболи Афғонистон бозиҳои хонагиашро дар Тоҷикистон мегузаронад

Мунтахаби футболи Афғонистон шаҳри Душанберо ҳамчун макони бозиҳои хонагӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 интихоб намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон байни дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Муғулистон бозии интихобӣ доир мешавад, иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ Федератсияи футболи Афғонистон ба далели он ки имкони мизбонии бозиҳои байналмилалиро надорад, шаҳри Душанберо макони бозиҳои хонагӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 интихоб намудааст.
Тибқи иттилои ФФТ, дар даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дастаи мунтахаби Афғонистон бо дастаи мунтахаби Муғулистон бозӣ менамояд.
Президенти ФИФА роҳи пешрафти футбол дар Тоҷикистонро гуфт
“Вохӯрии аввал 12 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад. Бозии ҷавобӣ 17 октябр дар шаҳри Улан-Батор доир мегирад”, - хабар додааст ФФТ.
Ёдовари мекунем, ки ғолиби ҷуфти дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Муғулистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "А" ҳамроҳ бо дастаҳои мунтахаби Қатар, Ҳиндустон ва Кувайт бозӣ менамояд.