ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар пайи як қазияи муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт шуданд, ба Ватан фиристода мешаванд.
Дар ин бора аз шӯрои ҷамъиятии назди сафорати кишвар дар Маскав хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки 26 нафар шаҳрвандони ҷумҳури аз моҳи апрели соли 2023, ки дар маркази нигаҳдории хориҷиён вилояти Владимир қарор доранд.
Тибқи иттилои расмӣ, алайҳи ширкате, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар он кор мекарданд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мушаххас шудааст, ки намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар тасмими баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан мусоидат кардааст.
Гуруҳи якуми 9-нафара 26 сентябр фиристода шуд, боқимондаҳо 28 сентябр ба кишвар мераванд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли ҷорӣ маълум шуда буд, ки дар вилояти Владимир 13 зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт шудаанд.
Дар ҳудуди Русия бошад, тақрибан 400 нафар барои машғул шудан ба шуғли ғайриқонунӣ дар муттаҳам шуданд.