Коршинос аз поёни гегемонияи Ғарб дар бозори ҷаҳонӣ гуфт: "Ҷаҳони ҷанубӣ" гирифт

Ба гуфтаи коршинос Русия бо ҳама кишварҳое, ки аксари бозорҳои ҷаҳониро дар ихтиёр дорад ва ҳиссаашон болост, робитаи хуб дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ғарб мавқеъи худро дар бозори ҷаҳонӣ баръало аз даст медиҳад, гегемонияаш тадриҷан ба поён мерасад.
Дар ин бора ба РИА "Новости" раҳбари Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Русияву Осиё (РАСПП) Виталий Манкевич хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, 70% афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ имрӯз дар кишварҳои ба истилоҳ "Ҷанубии ҷаҳонӣ" сурат гирифтааст.
"Ғарб имрӯз мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ баръало аз даст дода, ба пасамнзар гузашта истодааст, гегемонияаш тадричан ба охир мерасад", — гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, коршинос афзуд, ки "рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳиссаи асосии он – 70%, аллакай имрӯз аз рӯи ҳама ҳисобҳои иқтисодӣ на дар Ғарб, балки дар кишварҳои ҳамсоя, ки "Ҷаҳони ҷанубӣ" ном дорад, сохта шудааст.
Ин минтақа давлатҳои Осиё, Африқо ва Америкои Лотиниро дарбар мегирад.
"Дар тӯли даҳсолаҳо, ин кишварҳо аз танқиди доимии Вашингтон ва Брюссел хаста шудаанд ва ҳоло бештар аз онҳо мустақилона амал мекунанд",- гуфт Манкевич.
Путин: Ғарб низоми муносиботи молиявиро вайрон мекунад
Вай инчунин қайд кард, ки аксари давлатҳои "ҷанубӣ" бо Русия дӯстӣ доранд.
"Танҳо 40 кишвар алайҳи мо таҳрим эълон карданд. Дар ҳоле ки аксари ҷомеаи ҷаҳонӣ - аз се ду ҳиссаи аҳолии сайёра то ҳол бо Маскав робитаи хуб доранд. Онҳо аз тамоми қитъаҳо намояндагӣ мекунанд. Аз ҷумла Чин, Ҳинд, Бразилия, Аргентина, Миср, Эфиопия, Эрону Туркия, Арабистони Саудь ва Имороти Муттахидаи Араб...", - гуфт дар хотима раиси иттифоки саноатчиён ва соoибкорони Рeсия.