Душанбе иштироки ҳайаташро дар мулоқоти Қазон дар мавриди Афғонистон тасдиқ кард

Қазон мизбони 5-умин нишасти машваратии Маскав дар мавриди Афғонистон мегардад, ки интизор меравад, дар он намояндагони Толибон* низ иштирок кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Қазон дар мавриди Афғонистон иштирок хоҳад кард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Ин ҳамоиш бо нишасти "формати Маскав" дар бораи Афғонистон маъруф аст, соли равон 29 сентябр дар шаҳри Қазон дар назар мебошад.
Қаблан расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки дар ин нишаст, сарпарасти вазорати хориҷаи гуруҳи толибон* Амирхон Муттақӣ низ иштирок хоҳад кард. Ин 5-умин нишасти машваратии формати Маскав дар мавриди Афғонистон хоҳад буд.
Сухангӯии вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова пештар дар шарҳи нишаст гуфта буд, ки дар он вазъияти кунунии Афғонистон, масоили оштии байналафғонӣ, таъмини амнияти минтақаӣ ва бозсозии кишвар пас аз ҷанг баррасӣ мешавад.
Таъкид бар густариши равобити ҳамаҷониба дар дидор Муттақӣ ва намояндаи раисҷумҳури Русия
Интизор меравад ки баъди ин ҳамоиш баёнияи муштараки тарафайн ба тасвиб бирасад.
Маврид ба зикр зикр аст, ки "формати Маскав" намояндагони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро шомил мебошад.
"Формати Маскав"-и машваратҳо дар масоили сулҳу ҷанги Афғонистон соли 2017 таъсис дода шуда буд. Охирин чунин мулоқот моҳи ноябри соли 2022 баргузор гардида буд, ки он замон намояндагони Толибон* ба он даъват нашуда буданд.
Толибон* пештар дар маҷмӯъ аз формати Маскав хуш истиқбол гирифта, таъкид намуда буданд, ки тамаркузи таваҷҷӯҳ ба сулҳ дар Афғонистон ҳамчун кишвари воҳид ва мустақил аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта қобили дастгирист.
Ин гуруҳ, ки ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли 2021 ғасб карда буд, феълан эътирофи расмии байналмилалиро надорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз толибон ташаккули ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳои ва гуруҳҳои сиёсии кишварро талаб дорад, ки феълан ба кундӣ иҷро шуда истодааст.
*-гуруҳ барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.