ВМКБ боз такон хурд: Минтақаи заминҷунбӣ дақиқ шуд

Заминларза дар ноҳияи Роштқалъа ба қайд гирифта шудааст. КҲФ Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафот маълумот надодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ рух дод.
Дар ин бора коршиносони Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар додааст.
Ин бор шиддати заминларза 4 балро ташкил дода, тақрибан соати 05:00 ба вақти маҳаллӣ (00:00 GMT) ба қайд гирифта шудааст.
Заминларза дар минтақаи Рошткалъа ба амал омадааст.
Минтақа дақиқи заминларза дар 37,31 градуси арзи шимолй; 71,75 градус тули шаркӣ ҷойгир будааст.
Маркази заминларза дар умқи 186 километр воқеъ будааст.
Заминларза Шуғнони Тоҷикистонро такон дод
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот хабар надодааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ низ хабаре нест.
Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар 6 моҳи соли равон дар минтақаи ВМКБ сар задани беш аз 20 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар натиҷа дар вилоят 18 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 19 млн сомонӣ хисорот расонида шудааст.
Ҳамагӣ дар 25 сол дар минтақаи ВМКБ 314 офати табиӣ ба қайд гирифта шуда, ки бар асари онҳо 63 нафар куша шудааст. Хисорот молӣ дар ин давра бештар аз 300 млн. сомонӣ арзёбӣ шудааст.