Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Тахриби анбори муҳимоти ҷангии Украина - видео

Вазорати мудофиаи Русия навори тахриби аслиҳа ва лавозимоти ҷангии Украинаро дар вилояти Херсон нашр кардааст, ки бо мушакҳои болдор нобуд шуданд
Sputnik
Анбори силоҳ бо ҳазорҳо тон лавозимоти ҷангии интиқолёфта ба Украина бо зарбаи нерӯҳои Русия тахриб карда шуд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия иттилоъ дода, навори зарба анбори силоҳро нашр кард.
Манбаъ афзуд, ки анборҳои ҳомили аслиҳаю лавозимоти ҷангӣ дар минтақаи Киселёвкаи вилояти Херсон ҷойгир будаанд, ки ҳадафи зарба қарор гирифтаанд.
Мақомоти мудофиаи Русия мегӯянд, бар асари ин зарбе беш аз се ҳазор тонна муҳимоти ҷангии Украина нобуд карда шудааст. Таъкид шудааст, ки зарба ба анборҳо бо мушакҳои болдор тахриб карданд.
Шойгу омори талафоти артиши Украина дар як моҳи ахирро ифшо кард
Силоҳу лавозимоти ҷангиро ба Украина асосан кишварҳои ғарбӣ интиқол медиҳанд. Маскав қаблан алайҳи ин таъминот нотаи эътирозӣ эълон карда, гуфта буд, ки ҳар бори ҳомили силоҳ ҳадафи қонунӣ барои зарба мебошад.
Вилояти Херсон дар пайи раъйпурсии моҳи сентябри соли 2022 субъекти Федератсияи Русия шуд. Дар ҳамин ҳол, ҷониби Украина қонунияти онро эътироф намекунад ва тирборони қаламрави минтақаро идома медиҳад.
Қисми зиёди вилояти Херсон зери назорати Русия аст, аммо қаламрави ин минтақа дар соҳили рости Днепр, аз ҷумла Херсон, дар ихтиёри Украина боқӣ мемонад.