ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Корхонаи "Обу корези Душанбе" дар беоб мондани қисме аз сокинони ноҳияи Сино худи бошандагони онро гунаҳкор кардааст, ки боиси садама дар хати корез шудаанд.
Ба иттилои ин корхона, ба далели садама дар пойгоҳи обкашӣ беш аз 2 ҳазор хоҷагӣ бе об мондаанд.
Манбаъ афзуд, ки кормандони "Обу корези Душанбе" ба ин минтақа сафарбар гардида, муайян намудаанд, ки сокинони биноҳои баландошёна чанд рӯз боз аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашидаанд.
Муайян шудааст, ки пойгоҳи насосии корезии биноҳои истиқоматии маҳаллаи Навбаҳор дучори садама шудааст ва КВД "Обу корези Душанбе" дар ин худи сокинони минтақаро айбдор медонад.
"Садамаи хати корезӣ бошад бинобар беаҳамиятӣ ва бепарвоии шаҳрвандон рух дод. Зеро баъзе сокинон ба қубурҳои корезӣ партовҳои иҷтимоӣ, аз қабили коғазу латта, памперсу дигар ашёҳоро партофтаанд ва бехабар аз он ки ин амали онҳо оқибати манфӣ ба бор меорад", - омадааст дар матлаб.
Таъкид шудааст, ки давоми рӯз пойгоҳи махсуси канализатсионӣ аз об тоза карда шуда, пасон қубури корези таъмиру таҷдид хоҳад гардид ва мушкили сокинон ҳал хоҳад шуд.