ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир бо вуҷуди афзоиши шумораи гирифторон ба COVID-19 зарурати ҷорӣ кардани режими ниқобпӯшӣ дар Русия мавҷуд нест.
Ин нуктаро роҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова баён дошта, эътироф намуд, ки гирифторӣ ба маризии коронавирус дар Русия авҷ гирифтааст.
Попова илова намуд, ки қарорҳо дар бораи низоми ниқобпӯшӣ барои кормандони муассисаҳои тиббию иҷтимоӣ дар субъектҳои Русия дар асоси вазъият қабул карда мешаванд.
Тибқи маълумоти расмӣ, давоми як ҳафтаи ахир дар ин Русия наздики 14,5 ҳазор нафар гирифтори COVID-19 шуданд. Мақомот мегӯянд, аз ҳамчунин 24 мариз ҷон бохта, зиёда аз 10,3 ҳазор нафар аз беморхона мураххас шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз ҷумлаи кишварҳои калидие мебошад, ки Тоҷикистон бо он рафтуомади нисбатан зиёд дорад.
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон қаблан гуфтанд, вазъият дар Русияро пайгирӣ доранд, аммо ҳеч ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар худи кишвар ҳанӯз ба қайд гирифта нашудааст.
Дар зимн таваҷҷуҳ ба ваксинагирӣ, ки дархосту муроҷиати худи шаҳрвандон сурат мегирад, афзоиш ёфтааст, мегӯянд мақомот.