Президенти Тоҷикистон бо ҳамсояҳояш ба Олмон меравад

Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Олмон дар назар аст, ки 3 рӯз давом кунад ва дар он роҳбарони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ иштирок хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари серӯзаи корӣ озими Олмон хоҳад шуд.
Ин иттилоъро дар дафтари матбуоти президенти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд.
Интизор меравад, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон аз 28 то 30 сентябр идома меёбад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки тайи ин рӯзҳо роҳбарони кишварҳои дигари Осиёи Миёна, аз ҷумла президенти Қазоқистон - Қосим Ҷомарт Тоқаев, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов дар Берлин қарор хоҳанд дошт.
Раҳмон хостори вуруди сармоя, навоварӣ ва технологияҳои олмонӣ шуд
Дар назар аст, ки президенти Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтоёни ӯзбеку қирғиз ва туркману қазоқи худ бо раисҷумҳури Олмон, Франк - Валтер Штаймайер мулоқот кунанд.
Ҳамчунин дидори роҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна бо садри аъзами Олмон, Олаф Шолтс низ дар назар аст.
Қаблан аз нияти баргузории сафари роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ сомонаи президенти Олмон хабар дода буд.
Аз мавзуъҳои меҳварии сафар, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорат, амният ва дигар масоили минтақавию байналмилалӣ арзёбӣ мегарданд.