ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ахиран таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 баррасӣ гардид.
Сарвазир дар ин маҷлис ба мақомдорони кишвар супориш дод, ки вазорату идораҳои дахлдор то 1 июни соли 2024 лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистонро дар соли 2025 ва параметрҳои онро барои солҳои 2026-2027 ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон дар маҷлис лоиҳаҳои якчанд қонунҳо, муҳокима ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуданд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат се пешниҳоди хулосаи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумат ба лоиҳаи Қонуни кишвар “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баррасӣ намуда, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Ҳамчунин дар ин маҷлис масъалаҳо Дар бораи Консепсияи сиёсати кадрии мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон барои давраи то соли 2043 ва Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баррасӣ гардид.
Таъкид шудааст, ки баъди баррасии масъалаҳо сарвазири кишвар ба вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ, мақомоти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар бораи иҷрои саривақтии дастурҳои маҷлиси навбатии ҳукумат супоришҳои мушаххас доданд.
Қайд карда шудааст, инчунин Қоҳир Расулзода дар бораи барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи тирамоҳу зимистон, захираи кофии молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва афзоиши истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ супоришҳои мушаххас додааст.