Раҳмон аз раисон хост, ки ҳар оила ғизо захира кунад

Президенти Тоҷикистон бо як қатор роҳбарони шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон ва тобеи марказ суҳбати телефонӣ анҷом дода, бо вазъи кор шинос шудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ҷамъоварии ҳосил ва омодагӣ ба мавсими сармо аз мавзуъҳои меҳварии суҳбатҳои телефонии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои ҳукумат ва раисони шаҳру навоҳӣ будаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла бо муовини сарвазир оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон суҳбат доштааст.
Дар баробари ин президент аз тариқи телефон ҳисоботи роҳбарони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Қубодиёнро доир ба вазъи корҳо дар соҳа ва ноҳияҳои мазкур шунидаст.
Президент аз роҳбарони мақомот ва ноҳияҳои зикршуда хостааст, ки омодагӣ ба зимистони дарпешистодаро ҷиддӣ гиранд.
Мастчоҳ даҳяки нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард
"Пеш аз ҳама, ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта, картошка, меваю сабзавот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд", - дастур додаст Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон инчунин масъалаи дар ҳар як оила захира намудани маводи озуқа ва тухмии аълосифати зироатҳои кишоварзиро барои соли оянда махсус таъкид намудаст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан ҷамъоварии ҳосил дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома дошта, баъзан роҳбарони вилоятҳо шахсан ба майдони пахта мераванд то ба кишоварзон кумак расонанд.