Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Медеведев гуфт, чанд нафар ихтиёран ба артиши Русия пайвастанд

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар ҷаласае бахшида такмил додани артиш аз ҳисоби ихтиёриён сухан ронда, аз сафараш ба минтақаи амалиёт қисса кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Беш аз 325 ҳазор нафар тибқи қарордод аз 1 январ то 26 сентябри соли ҷорӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия пазируфта шуданд.
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев бо истинод ба маълумоти вазорати дифои кишвар иттилоъ дод.
Ӯ зимни ҷаласа дар мавриди такмили нерӯҳои Русия аз ҳисоби ҷалби ихтиёриён тибқи қарордод, ҳамчунин гуфт, нимаи моҳи сентябр аз тамрингоҳи сарбозони қарордодӣ, ки дар Ҷумҳурии Халқии Донетск дар наздикии хатти ҷабҳа воқеъ аст, боздид кард.
Медведев қайд кард, ки низомиёни Русия дар минтақаи амалиёти низомӣ сифатҳои аълои ҷангӣ, ирода, устуворӣ ва азми қавӣ барои пирӯзӣ нишон медиҳанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу омори талафоти артиши Украина дар як моҳи ахирро ифшо кард
"Ба Вазорати мудофиа барои кори босифат оид ба омодагии ҷангӣ ва ҳарбӣ-сиёсии ҳайати низомӣ, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ, таъмини сатҳи баланди интизоми ҳарбӣ миннатдориямро баён мекунам", - гуфт ӯ.
Ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия ваъда додааст, ки корҳоро оид ба пурра намудани Қувваҳои Мусаллаҳ бо сарбозони шартномавӣ ва назорати омодагии ҷангӣ ва ҳарбӣ-сиёсии хизматчиёни ҳарбӣ идома медиҳанд.
Қаблан раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ аз майли шаҳрвандон барои ихтиёран пайвастан ба сафи қувваҳои мусаллаҳ гуфта, афзуд, ки муваффақона аз уҳдаи иҷрои ҳадафҳои гузошташуда мебарояд.