ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Муғулистон метавонад тавассути ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕОИИ) ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) гардиши молро бо Русия афзоиш диҳад.
Ин нуктаро раиси Думаи давлатӣ, Вячеслав Володин зимни нахустин ҷаласаи комиссияи ҳамкорӣ миёни парлумонҳои Русия ва Муғулистон баён дошт.
Раиси Думаи давлатии Русия таъкид намуд ,ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳарчи бештар барои кишварҳои дигар ҷолиб шуда истодааст ва бисёриҳо мехоҳанд, вориди ин созмон шаванд.
"Дар соли 2022 гардиши моли Русия ва Муғулистон тақрибан 42% афзоиш ёфта, ба сатҳи рекордии 2,6 млрд доллар расид. Мо бояд ин сатҳро нигоҳ дорем ва афзоиш диҳем", - қайд кард Володин.
Раиси Думаи давлатӣ аз вакилони парлумони Русия ва Муғулистон даъват кард, ки раванди мусбати гардиши мол миёни ду кишварро нигоҳ доранд.
"Мо бо шумо дида истодаем, ки ҳарчи бештари кишварҳо соҳибихтиёрии худро эълон мекунанд, шумораи бештари кишварҳо мехоҳанд, худашон ояндаи худро бисозанд", - гуфт ӯ.
Володин гуфт, ин имкониятро танҳо онҳое доранд, ки мустақилона қарорро қабул мекунанд ва ҷаласаи ахири БРИКС ин равандро баръало нишон дод.
Вай бо таъкиди зарурати таҳкими ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахши тиҷорат изҳор дошт, ки Муғулистон ҳамсояи наздик ва яке аз шарикони аслии Русия дар Осиё мебошад.