Вазири меҳнат ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳо 5 рӯз муҳлат дод

Вазири меҳнат, муҳзоҷират ва шуғли аҳолӣ ба мақомдорон барои бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта барои омодагӣ ба зимистон то 1 октябр муҳлат дода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Ахиран маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорат меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таҳти раёсати вазир Гулнора Ҳасанзода баргузор шуда, ки дар он масоили омодагии вазорат ва сохторҳои он ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар ин ҷаласа гузориш дар барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ва вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар сохторҳои вазорат ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии системаи он шунида шуд.
“Вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, дар маҷмуъ қаноатбахш арзёбӣ гардида, барои бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин то 1 октябри соли 2023 муҳлат дода шуд ва аз натиҷаи баррасии масъала қарори дахлдор қабул гардид”, - таъкид кардааст манбаъ.
Мулоқоти вазири меҳнат бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори “Южные ворота”-и Маскав
Қайд карда шудааст, ки маҷлиси ҳайати мушовара дар идома фаъолияти 8 моҳаи сохторҳои вазоратро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин зикр карда шудааст, ки вобаста ба натиҷаҳои фаъолият Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат, ва шуғли аҳолӣ гузориши сардорони сохторҳо шунида шуда, барои тақвияти фаъолият супоришҳои мушаххас дода шуданд.