ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Парлумони Канада барои даъвати як нозии собиқ ва кафкӯбиҳо ба хотири ӯ бахшиш пурсид.
Раиси порлумони Канада, Энтони Рота эътироф кард, ки маҳз ӯ собиқадори дивизияи СС "Галитсия"-ро даъват кард ва дар баробари дигар вакилон ба хотири ӯ кафкӯбӣ кард.
Собиқ ҷангии "Галитсия", Ярослав Хунка, дар ҳошияи сафари президенти Украина, Владимир Зеленский ба Канада, ба парлумони ин кишвар ҳамчун мубориз алайҳи Русия даъват шуда, ҳозирин ба хотири ӯ ба по истода, кафкӯбӣ намуданд.
Роҳбари парлумон низ, ки баробари дигарон кафкӯбӣ намуд, баъдан худро сафед карда гуфт, ки ҳеҷ кас аз ваҳшигариҳои ин нерӯҳои мусаллаҳ ва ширкати шахсии Ярослав Хунка хабар надорад.
"Баъдтар ман маълумоти иловагӣ гирифтам, ки маро аз қарори худ пушаймон карданд",- гуфт Рота дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Маврид ба зикр аст, ки трибунали Нюрнберг ҷангиёни дивизияи "Галитсия"-ро дар ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳои зидди инсоният гунаҳкор дониста шуданд.
Собиқ аскари дивизияи СС "Галитсия" Ярослав Хункаи 98-сола пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба Канада муҳоҷират кард ва зоҳиран дар он ҷо шӯҳрат пайдо кардааст.