"Табиби паррон", ки дар Русия ҷоиза гирифт, барои муаррифии Тоҷикистон ба Эрон меравад

Ҳунармандони театри ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғд барои иштирок дар ҷашнвораи байнулмилалии театрҳои миллӣ ба кишвари Эрон мераванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Сафари ҳайати ҳунармандони суғдӣ ба Ҷумҳурии исломии Эрон як ҳафта давом хоҳад кард.
Ҳунарманди театри мазҳака ва мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Мирзоумари Мирзоаҳмад ба Sputnik Тоҷикистон, гуфт, ки онҳо дар Теҳрон "Табиби паррон"-ро ба намоиш хоҳанд гузошт.

"Бо сафари ҳунарӣ, ки қарор аст рӯзи 28 сентябр оғоз шавад мо 14 нафар нақшофарони саҳна ба ҳисоби саркоргардон Суҳроб Шехов озими пойтахти Эрон хоҳем шуд", – афзуд, ҳунарманд.

Ба ин тартиб бори панҷумин аст, ки "Табиби паррон" дар ҷашнвораҳои ҳунарии байналмиллалӣ намоиш дода мешавад.
Ин намоишнома аз рӯи асари драмманависи фаронсавӣ Жан Батист Молйер таҳия шуда, ҳунармандони Суғд онро ба таври миллӣ рӯйи саҳна гузоштаанд.
Аз ҷумла номи қаҳрамонҳо, сару либоси ҳунармандон ва ҳатто саҳнаҳо бо садои доира банду баст мегардад, ки сифр тоҷикона аст.
Ҳурнарманд Мирзоумари Мирзоаҳмад афзуд, ки ин намоишномаи онҳо пеш аз ин дар чаҳор ҷашвораҳои сатҳи баланд рӯйи саҳна гузошта шуда, сазовори ҷоиза шудааст.
Дар Душанбе фестивали лӯхтак баргузор мешавад
"Бояд қайд намуд, ки “Табиби паррон” бори аввал дар ҷашнвораи байналмиллалии театрҳои касбии таҳти “Наврӯз – 2019” дар шаҳри Қозони Федератсияи Русия ширкат намуда соҳибҷоиза гаштааст" – зикр кард, Мирзоаҳмад.
“Табиби паррон” рамзӣ буда, ишқи ду ҷавон ва найрангҳои як сарватмандеро, ки барои якҷо шудани онҳо монеъ мешавад, тасвир мекунад.
Дар 21 умин ҷашнвораи байнулмилалии тетрҳои Эрон, ки гуфта мешавад аз 28 сентябр то 3 октябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард, ба ҳисоби Тоҷикистон дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ширкат меварзанд.