ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Барои ба эътидол овардани қурби рубл, танҳо баргардонидани фурӯши даромади гирифта бо асъори хориҷӣ кифоя нест.
Ин нуктаро вазири рушди иқтисоди Русия, Максим Решетников, дар ҷаласаи Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия изҳор дошт.
Вазир чунин мешуморад, ки дар шароити феълӣ барои ҳалли масоили марбути қурби пули миллӣ, аз роҳҳалҳои мураккабтаре бояд кор гирифт.
Аз ҷумла, ӯ пешниҳод кардааст, ки гузинаи модели чинӣ барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ баррасӣ шавад.
Ба гуфтаи Решетников, сухан дар бораи як навъ мембрана ё пайвандие чандирие байни бозорҳои дохилӣ ва хориҷии рубл меравад.
"Аммо ин танҳо мавқеи мост ва онро бо Бонки марказӣ баррасӣ мекунем", - изҳор дошт вазири рушди иқтисоди Русия.
Роҳбари Вазорати рушди иқтисод афзуд, ки феълан дар Русия барои интиқоли пули миллӣ ба хориҷа маҳдудият вуҷуд надорад, аз ин рӯ, рубл зиёд мешавад, ки "ба бозиҳои асъорӣ алайҳи рубл ҷалб хоҳанд шуд".
Вай зарур хонд, ки Русия, бояд василаи лозимеро ҷустуҷӯ кунад, ки метавонад ин вазъро ҳал бисозад.