ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳ дар маҳаллаи Мевағулоғоз ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд ба мумфаршкунии асосии кўчаи байни микроноҳияҳои 13 ва 18-и маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд расман оғоз бахшида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки барои сазовор пешвоз гирифтани 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо иншооти таъиноташ гуногун идома дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, роҳи байни микроноҳияҳои 13 ва 18-и маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд беш аз 600 метр дарозӣ ва 10 метр паҳноӣ дорад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки сокинони маҳаллаи Мевағули шаҳр эълон кардаанд, ки ҳамагон дар канор наистода, дастҷамъона дар ободонии диёр саҳм мегузоранд.
Инчунин ҳукумати Суғд зикр кардааст, ки то ба имрӯз дар шаҳри Хуҷанд беш аз 40 километр роҳҳо мумфарш карда шуданд ва мумфаршсозии дигар кӯчаҳо то охири сол идома меёбад.