ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Мудири минтақии Созмони ҷаҳонии барнома ғизо гуфт, ки дар зимистони пеши рӯ барои кумак ба 15 млн ниёзманд дар Афғонистон, ба як млрд доллар буҷет ниёз аст, иттилоъ додааст “Родио дарӣ”.
Ба иттилои Ҷон Илиф тасреҳ кард, ки вазъияти зиндагии шаҳрвандони Афғонистон душвор аст ва мардум имконоти бисёр каме барои харид доранд.
Вай ба буҳрони молии бесобиқа дар барномаи ҷаҳонии ғизо ишора кард ва афзуд, ки фақр бахши бузурге аз мардуми Афғонистонро таҳдид мекунад ва тавзеъи пули нақди байни ин қишр аз ҷомеъа метавонад наҷотбахш бошад.
Барномаи ҷаҳонии ғизо ахиран эълом кард, ки Афғонистон яке аз даҳ кишвар дар ҷаҳон аст, ки дар он беш аз як миллион нафар дар вазъияти хатарноки гуруснагӣ қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати феълӣ ва мардуми Афғонистон аз сӯии Амрико ва муттаҳидонаши таҳти шадидтарин таҳримҳои байналмилалӣ қарор доранд.
Ёдоварӣ мекунем, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар СММ гуфт, ки фғонистон ҳанӯз ҳам дучори вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад ва тибқи гуфтаҳои дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид наваду ҳафт фоизи аҳолии ин кишвар дар ҳолати фақр қарор дорад.
Бо дарназардошти чунин вазъи душвор, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст.
Президент дар идома аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки кӯмакҳояшонро ба мардуми ин кишвар бештар намоянд.
"Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар муроҷиат намоям, ки ҳаҷми кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон бештар гардонанд", - таъкид кард раисҷумҳур.