ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-инвест 2023" баргузор мешавад.
Ба гузориши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ин чорабинии бузург қарор аст рӯзҳои 29-30 сентябр доир шавад.
Гуфта мешавад, ки дар он намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату кумита ва дигар сохторҳои марбути мамлакат иштирок менамоянд.
Маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-инвест 2023" дар Кохи Истиқлол доир гардида, кори он дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад.
Дар форум, аз ҷумла мавзуҳои "Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе", "Тоҷикистон- мамлакати энергияи "сабз", иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика", "Рушди иқтисодиёти "сабз", рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Точикистон" имконоти сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ, тандурустӣ, логистика мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Ҳамзамон дар доираи ин форум меҳмонон аз корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Турсунзода дидан карда, ба фаъолияти онҳо аз наздик шинос мешаванд.
Ҳадафи форумро Кумита муаррифии бештари шароит ва имконоти фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ арзёбӣ кардааст.