Дар Хуҷанд ба 40 бонуи ҳунарманд барои пешрафти корашон грант доданд

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола раиси шаҳри Хуҷанд ба даҳҳо бонувон грант ҷудо мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Ахиран дар доираи чорабиниҳои Рӯзи шаҳри Хуҷанд ба 40 нафар бонувони ҳунарманд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, грантҳои раиси шаҳр ба маблағи умумии 165 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
Дар ин бора шаҳрдории Хуҷанд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, фирдавс Шарифзода, дар маросими супоридани грантҳо таъкид дошт, ки имрӯз занони тоҷик олиму омӯзгор, духтуру сиёсатмадор, соҳибкору ҳунарманд, варзишгару рўзноманигор ва қариб дар ҳама касбу кор пешсафу саҳмгузоранд.
Масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати имрўзаи ҳукумати кишвар аст.
“Дар ин самт таъсис дода шудани грантҳои Президентӣ ва гранти раиси вилоят баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст”, - гуфт шаҳрдори Хуҷанд.
Ҳамин тавр дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳои раиси шаҳр барои бонувони ҳунарманди шаҳр дода мешавад
Роҳкиро дар Хуҷанд бо QR-код пардохта мешавад - видео
“Соли ҷорӣ бо қарори Раиси шаҳр ба 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби гранти Раиси шаҳр, аз чумла 5 грант дар ҳаҷми ҳашт ҳазор сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми панҷ ҳазор сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ гардиданд. Дар маҷмуъ 165 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Грантҳоро ба бонувон дар вазъияти тантанавӣ раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода тақдим кард.