Афзоиши назарраси таваррум дар Тоҷикистон

Суръати болоравии нархҳо ба талаботи дохилӣ ва инчунин боло рафтани нархи ҷаҳонии нерӯи барқ вобаста аст, гуфта мешавад дар гузориши БАОР
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар моҳи гузашта мизони таваррум дар Тоҷикистон тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дар гузориши ҳарҳафтаинаи Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) гуфта мешавад.
Ин рақам аз моҳи июли соли равон 2,3% зиёд буд.
Гуфта мешавад, ки ба ин болоравӣ, аз ҷумла, афзоиши бо суръати таваррум дар Русия таъсир расондааст.
Илова бар ин, ба ин ношондиҳандаҳои динамикаи талаботи дохилӣ ва инчунин болоравии нархи ҷаҳонии сӯзишворӣ таъсир расонидааст.
БАОР: Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023-ро 7,9% арзёбӣ кард
Чунин вазъро ҳам БАОР ва ҳам Бонки миллии кишвар пешгӯӣ карда буданд.
Ҳамин тариқ, дар охири сол сатҳи таваррум 4-8%-ро ташкил медиҳад.
Қаблан БАОР қайд карда буд, ки тайи соли 2023 дар Тоҷикистон сатҳи пасти таваррум ба қайд гирифта шуда, нишондиҳандаи моҳи май 2,4% пасттарин аз соли 2018 аст.
Бонк афзоиш ва поин рафтани қурби пули миллиро нисбат ба доллар пешгӯӣ карда буд. Аз моҳи феврали соли 2023 тақрибан бетағйир боқӣ монда, барои як воҳиди он ҳудуди 10,9 сомониро ташкил медиҳад.