Шикасти 2 ҷудокори тоҷик дар як қадам то медали Бозиҳои Осиё

Барои ҷудокорони тоҷикистонӣ дар рӯзи аввали сабқатҳо дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу даст надод, ки ба гирифтани медалҳо ноил шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу ду ҷудокори тоҷик ба сабқатҳо барои медали биринҷӣ расиданд, аммо дучори шикаст шуданд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Обид Ҷебов, ки то зӯрозмоӣ барои нишони биринҷӣ расида буд, аз ҷудокори кореягӣ Ан Баул шикаст хӯрду зинаи 5-уми Бозиҳои Осиёро соҳиб шуд.
Ҷудокори дигари тоҷик, Меҳрзод Суфиев низ дар вазни то 60 кило дар 19-умин Бозиҳои Осиёи Ҳангжоу ҷойи 5-умро гирифт.
Вай дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз Магжан Шамшадин, ҷудокори қазоқ бо имтиёзи вазарӣ шикаст хӯрд.
"Baku Grand Slam 2023" барои Тоҷикистон бе медал хотима ёфт
Нишони тилоро дар вазни то 60 кило ҷудокор аз Тайпеи Чин – Янг Юн Вей гирифт, ки дар даври ниҳоӣ варзишкори Кореяи Ҷанубиро шикаст дод.
Куштигирони тоҷик аз миёни занон Мадина Қурбонзода ва Аҳлия Муминова низ вориди сабқатҳо шуданд, аммо ба гирифтани ҷойҳои намоён ноил нагаштанд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Ин бозиҳо бояд соли 2022 баргузор мешуданд, аммо ба далели паёмадҳои пандемияи коронавирус як сол ба таъхир гузошта шуданд.
Дар он беш аз 480 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш пешниҳоди варзишкорон шудаанд, ки аз ҷумла зиёда аз 138 варзишгари тоҷикистонӣ низ барои гирифтани онҳо талош хоҳанд кард.