Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров шарти Маскав барои эҳтироми тамомияти арзии Украинаро гуфт

Вазири корҳои хориҷии Русия шароитеро ном бурд, ки дар сурати иҷрои он Маскав тамомияти арзии Украинаро эҳтиром мекард ва бо он ҳеч мушкиле надошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Русия тамомияти арзии Украинаро дар сурати иҷрои муқаррароти эъломияи истиқлолаш дар соли 1991 эҳтиром мекунад.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров дар нишасти хабарӣ дар пайи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ гуфт.
"Яке аз нуктаҳои муҳим дар Эъломияи истиқлол барои мо ин буд, ки Украина як кишвари ғайриблокӣ хоҳад буд ва ба ҳеҷ иттиҳоди низомӣ намепайвандад. Дар чунин шароит мо аз тамомияти арзии Украина ҳимоят мекунем", - гуфт вазир.
Лавров ёдовар шуд, Маскав истиқлолияти Украинаро бар асоси эъломияи истиқлолият эътироф кард, ки дар он "бисёр чизҳои хуб навишта шудаанд", аз ҷумла эҳтироми ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ва мақомоти забони русӣ, ки он ҷо сабт шудааст.
Дар зимн вазири умури хориҷии Русия зикр кард, ки мақомоти Киев бар зидди Донбасс, бар зидди Қрим ҷангро оғоз карданд ва дар чунин шароит гуфтан, ки ин ҳукумат аз мардум намояндагӣ мекунад, ғайриимкон мебошад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Киев дар самти Херсон зарфи як ҳафта таҳрибан 440 нафарро талаф дод
Вай таъкид кард, ки Маскав бо тамомияти арзии Украина ҳеҷ мушкиле надошт ва онро худи роҳбарони ин кишвар бо ҷанг алайҳи мардуми худ вайрон карданд.
Ҳамчунин, вазири умури хориҷа гуфт, Маскав барои музокирот дар бораи Украина омода аст, аммо ҳеҷ пешниҳоди оташбасро баррасӣ нахоҳад кард, зеро Русия аллакай як бор фиреб хӯрд.