"Диктанти адабӣ" дар Суғд чӣ гуна гузашт? - видео

Чорабинии байналмиллалии фарҳангию маърифатӣ таҳти унвони "Диктанти адабӣ" даҳҳо сокини шаҳру навоҳии Суғдро дар Хонаи русӣ дар Хуҷанд гирди ҳам овард
Sputnik
Беш аз 60 намояндаи касбу кори гуногун ва муҳассилин дар шаҳри Хуҷанд "Диктанти адабӣ" навишта, донишашонро санҷиданд.
Ин чорабинии маърифатӣ дар Хонаи русӣ дар Хуҷанд баргузор гардида, намояндагони синну соли мухталиф дар он иштирок доштанд.
Аз соли 2021 ба ин тараф ҳар сол рӯзи 23 сентябр чорабинии байналмилалии таълимии "Диктанти адабӣ" дар Русия ва кишварҳои хориҷи наздику дур, аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи Миёна гузаронда мешавад.
Хуторская: Талабот ба мутахассисони рус дар Тоҷикистон зиёд аст
Ба иштироккунандагони диктант 20 савол дода мешавад, ки онҳоро муаллимони макотиби олӣ, филологҳо, нависандагон ва мутахассисони соҳибихтисоси Китобхонаи давлатии вилоятии илмӣ – оммавии Мурмански Федератсияи Русия мураттаб кардаанд.
Дар ин сана дӯстдорони хониш муттаҳид мешаванд, то бифаҳманд, ки онҳо асарҳои адабиёти классикии русро то чӣ андоза хуб дар хотир доранд.
Баргузории чунин чорабинӣ бо мақсади сайқал додани дониши иштирокчиён дар саросари ҷаҳон роҷеъ ба фарҳангу адабиёти пурғановати рус арзёбӣ мешавад.