"Baku Grand Slam 2023" барои Тоҷикистон бе медал хотима ёфт

Аз миёни 8 паҳлавони ҷудкор, ки Тоҷикистонро мусобиқаи байналмилалии "Baku Grand Slam 2023" намояндагӣ карданд, касе ба гирифтани нишоне даст наёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Чор паҳлавони тоҷик дар рӯзи сеюм ва ниҳоии мусобиқаи "Baku Grand Slam - 2023" шикаст хӯрда, ин мусобиқа барои варзишгарони тоҷикистонӣ бидуни медал анҷом ёфт.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, кишварро дар рӯзи охири мусобоиқа Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило, Эмомризо Анварзода дар вазни то 100 кило, Шакармамад Мирмамадов ва Мансур Раҳмон дар вазни беш аз 100 кило намояндагӣ карданд.
Маҷидов мусобиқаро аз даври дуюм оғоз намуда, бо имтиёзи иппон аз паҳлавони испанӣ Даниел Нийетои шикаст хӯрд.
Эмомризо Анварзода мусобиқаро бо пирӯзӣ бар намояндаи Малта - Исаак Беззина оғоз намуда, дар даври дуюм аз Рафаэл Бузакарини аз Бразилия бо 2 имтиёзи вазарӣ шикаст хӯрд.
Натиҷаи варзишгарони тоҷик дар рӯзи дуюми "Baku Grand Slam 2023"
Ҷудокори гаронвазни тоҷик, Шакармамад Мирмамадов даври аввалро аз пирӯзӣ бар Мариус Физел аз Словакия оғоз намуд, аммо дар даври дуюм бо имтиёзи вазарӣ аз паҳлавони озарӣ, Имрон Юнусов мағлуб шуд.
Мансур Раҳмон низ ар даври аввал бар Филип Ҳориучии амрикоӣ дастболо шуд, амммо дар даври дуюм аз паҳлавони номии гурҷӣ, Гурам Тушашвили шикаст хӯрд.
Маврид ба зикр аст, ки давоми ду рӯзи қаблӣ низ намояндаҳои Тоҷикистон натавонистанд ба гирифтани медал дар Боку ноил шаванд. Аз ҷумлаи беҳтарин натиҷаҳои тимро Эмомалӣ Нуралӣ нишон дод, ки дар вазни то 66 кило мақоми панҷумро гирифт.