Росселхознадзор содироти ҳасибро ба Тоҷикистон маҳдуд кард

Тадқиқотҳои лабораторӣ дар маҳсулоти ҳасибҳои мурғии як ширкати русӣ антибиотики энрофлокстсинро ошкор карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Росселхознадзор содироти маҳсулоти гӯштии тайёри ҶСК "Стародворские колбаса" (тамғаи молии "Стародворе") ба як қатор кишварҳоро манъ кард, хабар медиҳад оҷонсӣ.
"Бинобар ошкор шудани такроран риоя накардани талаботи байторию санитарии як қатор кишварҳои воридкунанда, Росселхознадзор санадҳои санҷиши ҶСП "Стародворские колбаса" -ро бекор карда, барои интиқоли маҳсулоти гӯштии тайёри ин ширкат ба Абхозистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон , Ӯзбекистон, Украина, Тоҷикистон, Туркманистон, Муғулистон, Ветнам, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Сейшел маҳдудият ҷорӣ кард", - омадааст дар изҳорот.
Мушаххас шудааст, ки дар натиҷаи ташхиси лабораторӣ дар ҳасибҳои ҷӯшонидашуда аз гӯшти мурғи ин ширкат антибиотики энрофлоксатсин ва дар ҳасибчаҳо карраген ошкор шудааст.
Талоши Тоҷикистон барои роҳёбӣ ба бозори “Ҳалол”: "Тоҷикстандарт" гуфт, чаро ин муҳим аст
"Истеъмоли мунтазами маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар таркибаш энрофлоксатсин мавҷуд аст, метавонад боиси дарунравӣ, қайкунӣ, дарди сар ва инчунин барои муқовимати антибиотикҳо замина фароҳам оварда шавад. Миқдори аз ҳад зиёди каррагеен дар маҳсулоти гӯштӣ боиси вайроншавии кори рӯдавуи меъда мегардад, киметавонад оқибат боиси пайдо шудани бемории саратон гардад", - огоҳ мекунад хадамот.
Шуъбаи ветеринарии Ёқутистон қаблан дар бораи кашфи геноми вируси вабои хуки африқоӣ хабар дод, ки дар ҳасиби "Столичная"; махсулоте, ки ба тамғаи "Вязанка" тааллук дорад.