Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Раисони Суғду Ботканд дар марз мулоқот анҷом доданд: кадом масъалаҳоро баррасӣ карданд?

Раиси вилояти Суғд ва ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд нигоҳ доштани оромӣ ва субот дар минтақаҳои марзии ду кишварро муҳим донистанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев дар сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот доир намуданд
Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Музаффар Юнусов, сардори Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар шарҳи иттилоъ гуфт, ки мулоқоти роҳбарон зуҳри имрӯз дар гузаргоҳи наздимарзии “Қайрағоҷ” и ноҳияи Лайлаки Ботканд ҳаммарз бо ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулови Суғд доир гардид.
Раиси вилояти Суғд ва ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд
Ба пояи иттилоъи манбаъ дар ин мулоқот ба ҳисоби Аҳмадзода ва Алимбаев ҳамзамон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳои Суғду Ботканд ва раисони шаҳру ноҳияҳои наздимарзии ду кишвар иштирок доштанд.

“Дар мулоқот ҷонибҳо қайд намуданд, ки таъмини иҷрои қарорҳои қабулшуда ҷиҳати ҳифзи амнияти мардум ва таъмини сулҳу субот дар сарҳади давлатӣ муҳим мебошад” – иттилоъ дод, сардори Хадамоти матбуот.

Раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд дар зимни мулоқот дар бораи нигоҳ доштани оромӣ ва субот дар минтақаҳои марзии ду кишварро муҳим арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо тибқи рӯзномаи мулоқот ба ин чанд нукта роҷеъ ба масъалаҳои марз ишора кардаанд:
Сокинон ду кишвар бояд ба маълумоти ғайрирасмии носанҷида, ки метавонад иғвои гуруҳҳои манфиатхоҳ бошад, бовар накунанд.
Муҳим аст, ки шаҳрвандон минбаъд таваҷҷуҳи худро ба сомонаҳои боэътимод ва расмии идораҳои давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоии расмии ду кишвар равона созанд.
Пеши роҳи ҳар гуна нашри матолиби норавшани марбут ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар расонаҳо, ки боиси нофаҳмиҳои ду ҷониба мегардад, гирифта шавад
Зарур шуморида шуд, ки ҷонибҳо бандҳои пртоколи № 42-ро бояд пурра иҷро намоянд.
Онҳо ҳамчунин илова намуданд, ки дар роҳи мустаҳкам намудани муносибатҳои неки ҳамсоягии байни мамлакатҳоямон нақши асосиро сокинони ду ҳамсоякишвар мебозанд, ки алоқаҳои чандинасраи дустӣ, оилавӣ ва маънавӣ доранд.
Эҳзори сафири Қирғизистон ба Вазорати хориҷаи Тоҷикистон
Раисони Суғду Ботканд сари ҳар вақт доир ба масъалаҳои марзӣ мулоқот доир мекунанд.
Ахиран рӯзи 13 сентябри соли ҷорӣ Аҳмадзода ва Алимбаев дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон” и шаҳри Исфара дар марз бо гузаргоҳи “Қизилбел” и Ботканди Қирғизистон гуфтушунид доир карда дар бораи риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ва таъмини суботи марз таъкид намуда буданд.