Муҳриддин бо намояндаи президенти Русия масоили иқлимро баррасӣ кард

Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Федератсияи Русия ва ҳамчунин мушкилоти марбут ба рӯзномаи ҷаҳонии захираҳои об ва иқлим баррасӣ шуданд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи вижаи президенти Русия Руслан Эделгериев мулоқот кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими иқлим, аз ҷумла мушкилоти марбут ба камбуди манобеъи обро баррасӣ кардаанд.
Илова бар ин, Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Эделгериев дар бораи нуктаҳои муҳими рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русия суҳбат карданд.
Муҳриддин намояндагони кишварҳои СММ-ро ба Душанбе даъват кард
Дафтари матбуоти вазорат тавзеҳ дод, ки мулоқот дар чаҳорчӯби иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2022 дар конфронси СММ дар Шарм-уш-Шайх бахшида ба мушкилоти экологӣ Эделгериев аз ташаббуси Душанбе дар мавриди эълони соли 2025 Соли ҳифзи яхмос пуштибонӣ карда буд.
Баъдтар СММ дар бораи ин пешниҳод қатънома қабул кард.