Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров ба Гуттериш паёми видеоии як хонанда аз Луганскро дод

Хонандаи яке аз мактабҳои Луганск дар паёми видеоӣ аз Дабири куллии СММ талаб намуд, ки ба қатли кӯдакон дар Донбасс хотима дода шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш паёми видеоии духтари мактабхони Луганск Фаина Савенковаро, ки аз ҷониби РИА Новости наворбардорӣ шудааст, супурд.

Дар ин видео хонандаи мактаб хоҳиш намудааст, ки ба Украина дигар аслиҳаи ғарбӣ ирсол нагардад ва ҳамзамон ба қатли кӯдакондар Донбасс, тирборон шудани хонаву макотиб қатъ карда шавад.
Супурдани ин видео дар ҷараёни мулоқоти Лавров ва Гутерриш дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк сурат гирифтааст.
Қаблан вазорат хабар дода буд, ки Лавров ҳамчунин ба Гутерриш китоби “Ҷиноятҳои Украина алайҳи башарият (2022-2023)” ва мунтахаби наворҳои мустанади “Кӯдакони Донбасс”-ро ҳадя кардааст.
СММ имконоти феълиро барои сулҳ миёни Маскав ва Киев "ночиз" арзёбӣ кард
Фаина Савенкова дар як навори видеоие, ки хабарнигорони РИА Новости дар мактаби рақами 7, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Луганск хароб карда буданд, ба навор гирифта, ба аъзои Шӯрои Амнияти СММ муроҷиат карда, аз ин созмон дархост кардааст, ки ҳама корро барои ҷилавгирӣ аз тирборони шаҳрҳои осоишта аз ҷониби Украина ва марги кӯдакон ҷилавгирӣ шавад
Ба таъкиди ин хонанда, мактабе, ки Ҷанги Бузурги Ватаниро паси сар карда буд, ҳоло пс аз ҳамлаи нерӯҳои украинӣ дигар барқарор намешавад ва ҳамчунин ҷони кӯдакони бегуноҳ, ки дар марги онҳо Украина гунаҳкор аст, баргардонда намешавад.
Фаина қаблан як паёми видеоӣ ба аъзои Шӯрои Амнияти СММ сабт карда буд - дар баҳори соли 2021, баъдан Савенковаи 12-сола аз созмон даъват кард, то фаромӯш накунад, ки кӯдакони Донбасс низ ҳуқуқи кӯдакӣ ва зиндагии осоиштаро доранд. Тирамоҳи ҳамон сол, вебсайти маъруфи украинии "Peacemaker" ин хонандаро ба рӯйхати худ дохил кард.