ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар зарфи нуҳ моҳи соли равон панҷ сокини шаҳри Бохтар барои вайрон кардани қонуни танзим аз сӯи кормандони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим муайян гардидаанд.
Дар ин бора хабаргузории "Фараж" аз қавли Манучеҳр Қодиров, мудири бахши мазкур хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, чор тан аз қонуншиканҳо ба маблағи 17 600 сомонӣ ҷарима шуданд ва парвандаи нафари панҷум ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад.
Зикр гардид, ки ҷамъан дар ин давра дар Бохтар 938 тӯйю маъракаҳо баргузор гардид, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 618 адад камтар аст.
Манбаъ афзуд, ки дар ин маъракаҳо 36 чорвои хурд забҳ шудааст ва хароҷоти умумии тӯйю маъракаҳо аз 3 млн сомонӣ бештар аст.
Ёдовар мешавем, ки қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуда буд.
Он ба коҳиши хароҷоти молӣ ва теъдоди меҳмонон дар маросиму идҳо ва ба ин васила ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар равона шудааст.