Ҳалокати боз як ситораи эстрадаи тоҷик дар садама: Некрӯз ҳамагӣ 27 сол дошт

Овозхону оҳангсози шинохтаи тоҷик бар асари садамаи нақлиётӣ дар Душанбе ҷон бохтаст. Ӯ мебоист моҳи октябри соли равон 28-солагияшро таҷлил мекард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Некрӯз Ниёзов, оҳангсоз ва овозхонаи ҷавон, вале шинохтаи тоҷик дар синни 27-солагӣ даргузашт.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Ниёзов, ки бояд моҳи октябри соли равон 28-солагияшро таҷлил мекард, бар асари садама дар Душанбе ҷон додаст. Интизор меравад, ки Ниёзов дар зодгоҳаш дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба хок супурда мешавад.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ҳанӯз расман садамаи маргбори мазкурро шарҳ надодаанд.
Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистону Тоҷикистон Шералӣ Ҷӯраев даргузашт
Ин нахустин ҳолати марги ситораҳои эстрадаи тоҷик дар садамаҳо набуда, дар гузашта низ чунин ҳолатҳо ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумлаи охирин ҳолатҳои ҳалокати ситораҳои эстрадаи тоҷик дар сонеҳаҳои нақлиётӣ ин даргузашти Дамирбек Олимов ва Баҳроми Ғафурӣ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки афзоиши садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон солҳои охир боиси нигаронии чӣ мардум ва чӣ мақомот гардидааст.
Аз ҷумлаи сабабҳои аслии афзоиши садамаҳо ҳаракат бо суръати аз меъёр зиёд, идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати сархушӣ, идораи нақлиёт бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ арзёбӣ мегарданд.