ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ситораи ҷавони тоҷик, Некрӯз Ниёзовро, ки дар шаҳри Душанбе дар канори роҳ қарор доштааст, мошини "Лексус" зер кардааст.
Ба иттилои мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе, 21 сентябри соли равон, тахминан соати 22:30 садамаи нақлиётии маргбор, ки боиси марги пиёдагард шудааст, рух додаст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки мошини "Лексус", таҳти идораи сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Аҳмади Дониш, аз самти кӯчаи Садриддин Айнӣ ба самти кӯчаи Дӯстии халқҳо бо "Лексус"-и дигар таҳти идораи сокини 19-солаи пойтахт бархӯрдаст.
Таъкид шудаст, ки дар пайи бархӯрд "Лексус" пиёдагарди дар канори роҳ қарор дошта, шаҳрванд Ниёзов Некрӯз, соли таваллудаш 1995-ро пахш намудааст.
"Пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи "Шифобахш" бистарӣ шудааст, аммо субҳи 22-юми сентябр ба ҳалокат расид", - омадааст дар иттилоия.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор доранд.
Некрӯз Ниёзов оҳангсоз ва овозхони шинохтаи тоҷик буд, ки агар умр вафо мекард, ки моҳи октябри соли равон 28-солагияшро таҷлил мекард.