ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Эмомалӣ Нуралӣ барои нишони биринҷии Гранд Слами Боку мубориза мебарад, иттилоъ дод Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳарифи Эмомалӣ Наралӣ дар сабқат барои нишони биринҷӣ ҷудокори испанӣ Давид Гарсия Торне хоҳад буд.
Паҳлавони дигари тоҷик, Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг бо Йелдос Сметов аз Қазоқистон вориди майдон шуд, мағлуб гардида, аз идомаи сабқат бенасиб шуд.
Эмомалӣ Нуралӣ бошад то даври ниманиҳои роҳ ёфт, аммо дар ин марҳила аз рақиби ҷопонияш Такеота Такеошӣ шикаст хурд. Ҳамакнун ҷудокори тоҷик барои нишони биринҷӣ нерӯяшро месанҷад.
Рӯзи 23 сентябр Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг дар даври аввал бо Жансай Смагулов аз Қазоқистон нерӯяшро месанҷад. Дар вазни то 81 кило паҳлавони тоҷик, Шодмон Ризоев дар даври дуюм бо Лачлан Мурҳид аз Британияи Кабир куштӣ мегирад.
Рӯзи охири мусобиқа нерӯсанҷии паҳлавонҳои нисбатан гаронвазни тоҷик дар назар мебошад.
Аз ҷумла дар вазни то 90 кило рӯзи 24 сентябр Ҷаҳонгир Маҷидов аз даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Владимир Ахалкатски аз Гурҷистон ва Даниел Нието аз Испания қувва меозмояд.
Эмомризо Анварзода дар вазни то 100 кило дар даври аввал нерӯяшро бо Иссаан Беззина аз Малта месанҷад.
Паҳлавони дигари тоҷик, Шакармамад Мирмамадов дар вазни зиёда аз 100 кило дар даври аввал бо Мариус Физел аз Словакия ва Мансур Раҳмон дар вазни беш аз 100 кг дар даври аввал бо Хориучи Филип аз Амрико куштӣ мгеирад.