ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, хабарҳо дар бораи гӯё барои бознашри паёмҳое дар мисоли “ҷумъа муборак” ва монанди он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян гардидааст, иғво донистааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Кумитаи қайд кардааст, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо сабтҳои аудиоие ба гардиш даромаданд, ки гӯё дар ҳудуди ҷумҳурӣ барои ирсолу бознашри паёмҳое дар мисоли “ҷумъа муборак” ва монанди он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян гардидааст.
“Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим нашри чунин матлабҳоро иғвоангезона медонад”, - таъкид кардааст Кумита.
Ин ниҳоди давлатӣ иттилоъ медиҳад, ки бо мазмуни мазкур дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳеч гуна тағйирот ворид нагардидааст.