ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Озарбойҷон боздид мекунад.
Дар ин бора расонаҳои Озарбойҷон хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки раҳбари ҷумҳурӣ бо як сафари корӣ ба ин кишвар хоҳад рафт.
Ҳамин тариқ, сарвари давлат дар нишасти Барномаи вижаи СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ (SPECA) ширкат хоҳад кард.
Ҳамоиши барномаи вижаи СММ моҳи ноябр дар Боку баргузор мешавад.
Ташаккур барои даъвати сафар ба Ҷумҳурии Озарбойҷон. Ҳатман дар аввалин фурсати муносиб аз даъвати меҳрубононаи Шумо истифода хоҳам намуд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Озарбойҷон аз Тоҷикистон дар соли 2023 ду маротиба боздид кард.
Алҳом Алиев нахуст моҳи апрел бо сафари расмӣ ва пасон моҳи сентябр барои нишаст дар ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе омада буд.
Ӯ зимни боздидаш аз пойтахти Тоҷикистон аз ҳамтои тоҷикаш хост, ки дар аз Боку боздид намояд.
Эмомалӣ Раҳмон низ дар посух гуфтааст, ки ҳатман дар аввалин фурсати муносиб аз ин даъват истифода хоҳад кард.