Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Патрушев гуфт, пирӯзии Русия дар амалиёти вижа ба ҷаҳон чӣ хоҳад дод

Дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия бар ин назар аст, ки Ғарб бо истифода аз Украина ва роҳандозии ҷангҳои ниёбатӣ мехоҳад нуфузи ФР коҳиш диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ғалабаи комили Русия дар амалиёти махсуси низомӣ ба ташкили муколамаи баробарҳуқуқ ва эҳтиром байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар ин бора котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ба хабарнигорон изҳор дошт.
"Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия дар мубориза бар зидди миллатгароён, ки сари худро баланд кардаанд, қаҳрамонона вазифаҳои ҷангиро иҷро мекунанд. Бешубҳа, ҳадафҳои амалиёти махсуси низомии президенти Русия ба миён гузошта иҷро мешаванд", - афзуд номбурда.
Ба гуфтаи вай, ғалабаи Русия бар миллатгароён ба бунёди равобити байналмилалӣ бар пояи принсипҳои эҳтироми мутақобила ва муколамаи баробар мусоидат хоҳад кард.
Патрушев инчунин дар бораи вазъи кунунӣ гуфт, ки ҳоло англосаксонҳо, НАТО ва шарикони онҳо бо истифода аз вазъ дар Украина алайҳи Русия ҷанги ниёбатӣ оғоз кардаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Ҷанг дар Украинаро ИМА идора мекунад
Ӯ таъкид кард, ки онҳо мехоҳанд бо ин васила истиқлолияту тамомияти арзии Русияро халалдор, сохта нуфузи онро дар ҷаҳон кам кунанд.
"Ин амалҳо бо фишори густурдаи иттилоотии хадамоти иктишофии давлатҳои ғарбӣ, маъракаи онҳо барои бадном кардани роҳбарияти Русия, мақомоти давлатӣ ва артиши Русия, барангехтани зиддиятҳои байни миллатҳо ва ҷалби ҷавонон дар фаъолияти эътирозӣ, ки ба вазъи иҷтимоию сиёсии баъзе минтақаҳои кишвар таъсири манфӣ мерасонад, ҳамроҳ мебошад",- афзуд вай.