ДУШАНБЕ 21 сен – Sputnik. Додгоҳи Эрон шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматулло Нурӯзов, муттаҳами аслии парвандаи ҳамлаи террористӣ ба оромгоҳи Шоҳчароғи Шерозро ба ҳукми эъдом маҳкум карда шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Нурӯзови 25-сола ба ошӯб ва тавтеаи ҷиноӣ, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунад, муттаҳам мешавад.
Ду муттаҳами дигар, ки бевосита дар ҳамлаи террористӣ даст надоштанд, ба муҳлати 5 соли зиндон маҳкум шуданд.
Пас аз адои ҷазо онҳо бояд аз аз қаламрави Эрон ихроҷ карда шаванд.
Ёдрас мешавем, ки дар мощи августи соли равон дар оромгоҳи машҳури бостонии Шоҳчароғ дар Шерози Эрон ҳамлаи террористӣ сурат гирифт.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ҳамла аз ҷониби ду нафар ҷангҷӯ сар зада, онҳо бо ворид шудан ба дохили макони муқаддас ба сӯйи ҳозирин тир холӣ карданд.
Раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ дар пайи ин ҳолат дастур дод, ки омилони ҳамла ба оромгоҳи Шоҳчароғ дар шаҳри Шерози вилояти Форс дар ҷанубу ғарби кишвар ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Бояд гуфт, ки ин дуввумин ҳамла ба ин макон аст. Аввалинаш моҳи октябри соли 2022 сурат гирифта буд, ки дар пай 15 қурбонӣ ва 40 захмӣ дошт.