ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бо қарори Раёсати Бонки миллӣ Тоҷикистон ба “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ бе муҳлат иҷозатнома дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ қарори дахлджори раёсати Бонк 20 сентябри соли сентябр ба имзо расидааст.
Инҷозатнома дар асоси моддаҳои 6 ва 34 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва моддаи 8 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” дода шудааст.
Раёсати Бонки миллӣ Идораи назорати суғуртавиро уҳдадор намудааст, ки дар феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Ба иттилои Бонки миллӣ дар ҳоли ҳозир дар бозори суғуртаи кишвар 16 ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) фаъолият дорандд, ки аз ин теъдод 1 ададро ташкилоти суғуртавии давлатӣ (дар шакли КВД) ва 15 ададро ташкилотҳои суғуртавии ғайридавлатӣ мебошанд.
Дороиҳои умумии ташкилотҳои суғуртавӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ба 766,8 млн. сомонӣ баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 191,5 млн. сомонӣ, ё 33,3 фоиз зиёд мебошад.