“Амали барқасдона”: маълум шуд, ки Донишгоҳи Хуҷандро кӣ оташ зад

Мақомоти тафтишотӣ дар Суғд мегуяд, ки ҳодисаи оташсӯзии факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барқасдона сурат гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ 21 сен – Sputnik. Мақомоти сӯхторнишонии Суғд бо гузашти як рӯз аз рухдоди ҳодисаи сӯхтор дар Донишгоҳи Хуҷанд сабаби онро маълум кардаанд.
Як манбаъи наздик ба тафтишоти ҳодиса дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки оташсӯзии факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров аз сӯи посбони бино рух додааст.
“Комиссияи тафтишотӣ зимни таҳқиқи камераҳои мушоҳидавӣ маълум кард, ки оташсӯзии бино амали барқасдона аст. Баъдан дар пайи бозпурсиҳо маълум гардид, ки посбони факулта даст ба чунин кирдори ношоиста задааст. Чаро ин корро кардааст, ҳоло маълум нест” - гуфт, манбаъ.
Бино ба иттилоъ ин манбаъ зимнан нисбати посбони бино бар асоси моддаи 255 (қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амволи ғайр) парванда боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Сӯхтор дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шаби 19 ба 20 сентябр рух дод.
Дар пайи ин ҳодиса ҳудуди 400 метри мураббаъ боми бинои таълими ва дасрсхонаҳо ба коми оташ рафт.
Мақомот барои хомӯш кардани алангаи оташ 13 мошини обпош аз шаҳру навоҳии Хуҷанд ва атрофи он сафарбар кардаанд.
Сӯхтор дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Бо кӯмаки сӯхторнишонҳо беш аз 2 миллион сомонӣ иншоот ва атрофи бино аз коми оташ наҷот дода шудааст.
Идораи сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд дар ҳоли ҳозир ҳаҷми зарари расида аз ин ҳодиса маълум мекунанд.
Бар пояи иттилоъи мақомот давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 289 ҳодисаи сар задани сӯхтор дар шаҳру навоҳии Суғд ба қайд гирифта шудааст.