ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Муовини вазири умури хориҷаи Арманистон эълон кардааст, ки Ереван омодагии мардуми армани Қарабоғ барои музокирот бо Боку дарк мекунад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Муовини вазири умури хориҷаи Арманистон афзуд, арманиҳо метавонанд ба таври "назариявӣ" зери ҳукумати Озарбойҷон зиндагӣ кунанд.
Чанде пеш сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳори умедворӣ кард, ки пас аз тасвиби баёния дар бораи қатъи ҷанг дар Қарабоғ нерӯҳои посдори сулҳи Русия тааҳҳудоти худро дар ин минтақа комилан иҷро хоҳанд кард.
"Агар нерӯҳои сулҳҷӯи Русия изҳорот дода бошанд, ин худ аз худ чунин маъно дорад, ки онҳо аллакай комилан ва бе ягон қайду шарт уҳдадории пурраи таъмини амнияти арманихои Қарабоғи Кӯҳиро ба зимма гирифтаанд”, - гуфт Пашинян.
Сарвазири Арманистон дар паёми видеоии худ гуфтааст, ки арманиҳо дар сарзамин ва хонаҳои худ бехатар ва шоиста зиндагӣ кунанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки ахиран вазорати дифои Русия хабар дод, ки Озарбойҷон ва Қарабоғи Кӯҳӣ тавассути миёнҷигарии нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар бораи қатъи пурраи ҷангҳо ба мувофиқа расиданд.
Рӯзи 19 сентябр вазорати дифои Озарбойҷон барои барқарории сохти конститутсионӣ дар Қарабоғ “тадбирҳои зиддитеррористии маҳаллӣ”-ро оғоз кард.
Боку хурӯҷи комили нерӯҳои арманӣ аз минтақа ва барҳам додани мақомоти эътирофнашудаи Степанакертро шарти истиқрори сулҳ номид. Ереван ҳодисаи рухдодаро таҷовуз номида, изҳор дошт, ки дар Қарабоғ воҳидҳои арманӣ вуҷуд надоранд.